Матни равон

Имрӯз, 02.10.2025 дар толори КВД “Экпедитсияи комплекси геологии Қайроққум” тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 25-уми сентябри соли 2025 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум №15 Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагони ҷамоати шаҳраки Сирдарё баргузор карда шуд.
Илҳом Пӯлотзода Раиси шаҳр зимни суханронӣ таъкид намуд, ки давоми соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъона ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаем.

Субҳи имрӯз, 01.10.2025 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Санаи 30.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр ва сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.

Нахуст аз раванди таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр дидан карда шуд.Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд. Бино солҳои тулонӣ таъмири куллӣ нагардидааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази саломатӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

27-уми сентябри соли 2025 ҳайати кормандони МИҲД-и шаҳр - муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.

Ҳамчунин, дар хоҷагии деҳқонии мазкур сокинони шаҳри Гулистон ҳамарӯза дар ғунучини пахта ба деҳқонон кумак намуда истодаанд.

 

Субҳи имрӯз, 27.09.2025 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МИҲД шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.

Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, варзишгоҳҳои марказӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдони Парчами давлатӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор гардида истодааст.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:881
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2265
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:100167
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9659849

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?