Санаи 14.11.2024 дар толори ҶСК қолинҳои "Қайроққум" дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории МИҲД ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар конфференсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва Абдуллоев Абдумуталиб директори ҶСК қолинҳои "Қайроққум" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.