Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Дар минтақаи саноатии шаҳр 6-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 1,0 км роҳ бо сифати баланд мумфарш карда шуд.
Дар оғози корҳои мумфаршанамоӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуда, такид дошт, ки соли ҷорӣ таъмири 52,5 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 20,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад.






Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарафманди шаҳри Гулистон сидқан таҳният мегӯям.
Имрӯз, 3-юми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.
Санаи 02.10.2025 дар толори КВД КИ ҲХДТ дар шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 25-уми сентябри соли 2025 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум №15 Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагони маркази шаҳр баргузор карда шуд.














