Матни равон

Имрӯз 27.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр  ҷиҳати  расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Санаи 24.10.2024  дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони  “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода, муттахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Умарҷон Ҳабибуллоев,  иштирокчиёни муҳорибаи сохти Конститутсионӣ Пӯлотов Зарифҷон ва Қиёмов Садриддин , сарбозон аз қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда   ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Б. Ғафуров,  ҷавонон аз коллеҷи тиббии шаҳр, муҳассилини синҳои болоии  гимназияи № 1, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, № 14,  аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони синни даъватӣ  иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Санаи 25.10.2024, дар толори КВД "Экспидитсияи копплекси геологии Қайроққум" бахшида ба 30- юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" таҳти унвони "Конститутсия нишонаи муҳими давлатдорист" тибқи нақша МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё вохурӣ ташкил ва  баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Санаи 25.10.2024 дар толори бахши фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи  нақшаи МИҲД-и шаҳри Гулистон ва нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфернсияи илмӣ-адабӣ ташкил ва  баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Баротзода Сарҳад раиси ҷамоати мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Санаи 25.10.2024  дар кохи "Суғдиён" дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Хушдомани беҳтарин" ва "Фарзанд - боғи падару модар" баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон оилаи Абдураҳмоноваҳо иштирок намуда, соҳиби мақоми сеюм гардиданд.

Абдураҳмонова Саидниссо соҳиби 4 - келину, 1 - домод ,16 - набера мебошанд. Ҳамаи келинҳояшон коркунони соҳаи маориф мебошанд, ба кӯдакон талиму тарбия медиҳанд . Абдураҳмонова Саидниссо дар шаҳри Гулистон аз оилаҳои намунавӣ эътироф гардидааст. Дар ин озмун бо сари баланд бо ҳамроҳи келини дуюуминаш Абдураҳмонова Шаҳноза, ки омӯзгор мебошад иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2628
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3724
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6352
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47643
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8792370

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?