Санаи 12.11.2024 дар толори маркази саломатии маркази шаҳр тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир ба мавзуи муҳими таърихиву сиёсӣ, доир ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони маркази саломатии маркази шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.