Санаи 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафари кории Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар деҳаи Зарчашмаи шаҳрак маркази савдои "Хушбахт" ифтитоҳ гардид.
Маркази савдои "Хушбахт" дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Холмуродов бунёд карда шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 38 адади он ба истифода дода шудааст.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода пас аз ифтитоҳи марказ бо сокинони деҳаи Зарчашма ҳамсуҳбат гардида, ба сокинон барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ба таври дастаҷамъона изҳори сипос намуд ва изҳори итминон кард, ки минбаъд низ сокинони ин анъанаи накӯро идома медиҳанд ва деҳаву маҳалли худро боз ҳам ободтару зеботар мекунанд.






Имрӯз, 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафаи кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи шаҳрак мавриди истифода қарор дода шуд.
Санаи 12.09.2025 дар қисми ҳарбии 0201-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки сохторҳои МИҲД шаҳр хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳифзи арзишҳои миллӣ-сулҳу суботи кишвар, муҳимтарин вазифаи ҷавонон” баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон бо сарбозони дидбонгоҳи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 12 сентябри соли 2025 дар толори МТМУ №10 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид.
Имрӯз, 11.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода собиқадорони меҳнат - Бароат Осимова табиби бачагона, ки то ҳол дар беморхонаи марказии шаҳр фаъолият дорад ва Латофат Қодирова собиқадори соҳаи фарҳанги шаҳрро, ки солҳои тулонӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолият намуда, баҳри рушди соҳа саҳми арзишманд гузоштааст аёдат намуда, Ҷашни Истиқлоли давлатиро муборакбод гуфта, кумакҳои молиявии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба онҳо тақдим намуд.














