Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади муайян намудани сатҳи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар фаъолияти кории бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон ҳайати гурӯҳи корӣ Карим Шариф – аъзои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон, котиби комиссияи шаҳрӣ, Шарифзода Сайҳуна мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, аъзои комисия дидан намуданд.
Зимни азназаргузаронии бастаи ҳуҷҷатҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон ба масъулин доир ба тақвияти корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссия, Барнома, номгузорӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қабул гардидааст, пешниҳод намудани шакли дурусти ҳисоботҳо, бо риояи ҳуруф, андоза ва меъёрҳои муқарраргардида таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ва роҳ надодан ба ғалатҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.






Санаи 16-уми октябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Конститутсия - бахтномаи миллат!” дар МТҒ “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Абдуазиз Бобоев, собиқадори соҳаи матбуот Мавлуда Шарифзода ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Умеда Комилова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 19 октябр дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт дар Ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, ҳамзамон баргузории Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Иди себ ва ангур, Фестивали “Оши палов”, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза ва каду бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Санаи 15-уми октябри соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон шоми ёдбуди нахустсармуҳаррири рӯзномаи “Соҳил” Мадализода Илҳом Раҳим дар ҳалқаи дӯстону пайвандон ва алоқамандон баргузор гардид.
Имрӯз, 14-уми октябри соли 2025 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.














