Матни равон

Санаи 16.09.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври чордаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо КФ "Суғдиён"-и шаҳри Бӯстон дар сафар майдондорӣ намуда, бо ҳисоби бузурги 6-3 пирӯзӣ ба даст овард. Бо ин ғалаба садрнишии даста дар ҷадвали мусобиқот идома меёбад.
Пирӯзӣ муборак бод!

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Санаи 12-уми сентябри соли 2025 зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва азнавбарқарорсозӣ дидан намуд.

Нахуст аз рафти сохтмони майдончаи варзишӣ дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии замонавӣ бо тарҳи муосир бо шароити зарурӣ барои ба варзиш машғул шудани сокинон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида истодааст.

Сипас, аз ҷараёни сохтмони ҳаммоми муосир дар шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур тибқи нақша идома дошта, дар муҳлати муайянгардида ба истифода дода мешавад.

Санаи 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафари кории Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар деҳаи Зарчашмаи шаҳрак маркази савдои "Хушбахт" ифтитоҳ гардид.

Маркази савдои "Хушбахт" дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Холмуродов бунёд карда шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 38 адади он ба истифода дода шудааст.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода пас аз ифтитоҳи марказ бо сокинони деҳаи Зарчашма ҳамсуҳбат гардида, ба сокинон барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ба таври дастаҷамъона изҳори сипос намуд ва изҳори итминон кард, ки минбаъд низ сокинони ин анъанаи накӯро идома медиҳанд ва деҳаву маҳалли худро боз ҳам ободтару зеботар мекунанд.

Имрӯз, 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафаи кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи шаҳрак мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи бачагонаи беморхона бо таҷҳизоти зарурии муосир, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар лавозимот таҷҳизонида шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4352
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4353
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81725
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10152207

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?