Санаи 25.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи МИҲД-и шаҳр ва филиали ИҶТ дар шаҳри Гулистон дар толори бахши фарҳанг хониши сиёсӣ таҳти унвони "Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини амнияти кишвар", бо иштироки кормандон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханрони намуд.
Таъкид карда шуд, ки 27-уми июни соли равон аз баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур гардид. Воқеан имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҳаёти минбаъдаи давлату миллат дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард. Дар муддати начандон тӯлонӣ миллати мо ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Маҳз, самараи ваҳдату якдилӣ аст,ки имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ метавонад, озодона кору фаъолият намояду зиндагии созгореро баҳри худ муҳайё созад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ – баргузории Конференсияи шаҳрӣ ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ
- 7 НАФАР АЗ ШАҲРИ ГУЛИСТОН ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ГАРДИДАНД
- БАРГУЗОРИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ, СИЛ ВА ВАРАҶА






Имрӯз, 25.06.2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Модарон - посдори Ваҳдати миллӣ” бо иштироки бонувони фаъол, кормандони соҳаҳои гуногун ва занони хонашин баргузор карда шуд.
Имрӯз, 25.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.
Санаи 24.06.2025 муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён тибқи дастури Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Санаи 24.06.2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо сокинон вохӯрӣ доир ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ доир карда шуд.















