Матни равон

Санаи дар таърих сабтшуда, ки  ҳамасола 18-уми август  Рӯзи кормандони соҳаи тиб мебошад,  кулли табибон  ва собиқадорони соҳа, ҳозиқон ва шогирдони онҳоро ба муносибати иди касбиашон сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъии доимӣ, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди барӯманди халқи тоҷик, олими олии сатҳи ҷаҳонӣ,  Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад.

Ҳамасала бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, ҷиҳати маблағгузории соҳа, таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштаии сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Имрӯз, 17.08.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба  муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода афсарону сарбозони қисми ҳарбиро ба ин муносибат муборак бод намуда, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки айни замон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Кумита сохтори ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.

Рӯзи 17-уми августи соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  5-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.

Муҳтавои муроҷиат масъалаҳои гуногунро дарбар гирифта,  расонидани кумаки моддӣ ва таъмири бинои истиқоматӣ, таъмин намудан бо хонаи истиқоматӣ,  таъмир ва мумфарши роҳҳо ва ғайра мебошанд.

Масъалаи баррасии талабу дархости муроҷиаткунандагон  ба шуъбаву бахшҳои дахлдор равона карда шуд.  Раиси шаҳр масъулинро вазифадор  намуд, ки иҷроиши масъалаи  мазкурро дар муддати кӯтоҳ иҷро карда,  аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳр ва муроҷиаткунандагон тариқи хаттӣ хабар дода шавад.

Дӯстони азиз!

Наҷотдиҳандагони ҷону моли инсоният!

Боиси хушнудист, ки имсол таҷлили 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада истодааст.   Ба ин муносибат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Гулистон ҳамаи  кормандони соҳаи ин хизматрасониро самимона табрик гуфта, ба онҳо дар кори масъулиятнок, заҳматталаб ва ҳамзамон бошарафашон барору комёбӣ таманно менамояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ замоне таъсис ёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои истиқлолият парвоз мекард.   Инак, дар тӯли ин қадар сол базаи кадрию техникии ин соҳа мустаҳкам гардида,  имкон медихад, ки талафотҳо ва талафоти молиявӣ кам карда шавад. Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Гулистон шахсоне мебошанд, ки ба мардуми ниёзманд ва дармонда дасти ёрӣ дароз намуда, онҳоро аз ҳар гуна офат ва ҳолатҳои фавқулода наҷот медиҳанд.   Бесабаб нест, ки дар солхои охир боварии халк ба коркунони ин соҳа афзуда аст ва сабаби оромии мардум низ гашта аст.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб  собиқадори соҳаи тибби шаҳр Исмоилов Нематҷонро аёдат намуд. Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуруъ аз соли 1964 то соли 2010 дар муассисаҳои тиббии шаҳр ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатӣ намуда, дар сиҳатбахшии ҷомеа саҳми арзишманд гузоштааст.

Собиқадори соҳаи тиб бо хушҳолӣ ва фараҳмандӣ аз фазои сулҳу осоиш ва Истиқлоли давлатии кишвар миннатдории самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд. Ҳамасола дар кишвар 18-уми август ҳамчун рӯзи табибон таҷлил карда мешавад.

Таҷлили ин сана ба ифтихори кормандони соҳаи тиб рӯҳияи онҳоро боло бардошта, барои фаъолияти содиқонаи касбӣ ба онҳо неру мебахшад. Хидматҳои содиқонаи собиқадорони соҳа ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1708
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2791
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11458
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52749
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8797476

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?