Имрӯз, 29.05.2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.
Дар маросими савгандёдкунии сарбозони навдаъватшуда муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, Додиён Баҳром Одина, полковник, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Шуҳрат Алиев сардори бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, командири қисми ҳарбӣ Қурбонзода Хусрав ва дигар шахсони масъули қисми ҳарбӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд.






Санаи 28.05.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Рушду оммавияти варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароити мусоид барои рушди соҳа муҳайё гардидааст. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони маҳбубро бо сарбаландӣ парафшон намуда, обрӯву эътибори миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Имрӯз, 24.05.2025 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон фестивали шаҳрии футбол бахшида ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор карда шуд.
Ҷавонони гиромӣ!













