Имрӯз, 28.08.2024 тибқи нақшаи тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ИҶТ дар шаҳри Гулистон дар беморхонаи маркази хониши сиёсӣ таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки кормандони беморхонаи мазкур доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Абдураҳмонов Аҳлиддин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иброҳимов Иброҳимҷон сардухтури беморхонаи марказии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.