Матни равон

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 29.08.2024, дар толори варзишии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини тарзи озод аз руйи 13 вазн баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонони шаҳри  Гулистон, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Исфара, шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақобат ва қувваозмоӣ намуда ғолибон бо диплом ва медалҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдони гардиданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо фаргири тамоми муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди корбари қарор гирифтааст. Бо ҳамин мақсад, санаи 03.09.2024, дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон ва сокинони синну соли гуногун  мусобиқа, аз рӯйи намуди варзишӣ зеҳнии "Шашка ва шоҳмотбозӣ беҳтарин",  бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо дар миқёси шаҳр бо ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ва сокикони шаҳр баргузор карда шаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама ин баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави варзиш, дар соҳаи шашка ва шоҳмот, таъсис додани дастаҳои шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи тундрав маҳсуб ёфта, дар ин баробар омода намудани ҷавонону наврасон барои иштирок, дар давраҳои минбаъдаи  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат мебошад.

Санаи 04.09.2024 дар толори Кохи фарҳангии  Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки  ҷавонон кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.

Кори конференсия бо садо додани Сурудии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар Конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик ва директори муассисаи таълимии №7 Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Аҳмадҷонов Парвиз суханронӣ намуданд.

Санаи 3 сентябои соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони  шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ-пойдевори давлати мутамаддин” бо иштироки ҷавонон, собиқадорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.

Нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов кори Конференсияро оғоз намуд.

Дар Конференсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши занон ва оила Матлуба Сатторова, мудири бахши муҳоҷират Шоназарзода Абдумалик, раиси Ҷамоати Чоруқдаррон Наргиса Бердиева, собиқадорони меҳнат Султонов Отаҷон ва Қаюмова Мавлуда суханронӣ намуданд.

3 сентябри соли 2024 маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба фаъолони хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҳозиринро бахшида ба 33-юмин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1673
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2791
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11423
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52714
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8797441

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?