Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола рӯзи 15-уми сентябр - Рӯзи шаҳри Гулистон ҷашн гирифта мешавад.
Пас аз таҷлили бошукӯҳи иди бузурги миллӣ ва давлатиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахши фасли тирамоҳи заррин, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти ҶДММ «Доруи Суғд» оғоз бахшиданд






Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия санаи 14.09.2024 дар шаҳри Гулистон ярмарка баргузор гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тули 60 сол аст таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст. Соли 2023 ин кори нек оғоз гардида, наздик ба 20 км роҳ пурра мумфарш гардида буд.
Имрӯз, 12.09.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар маркази шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони "Истиқлолият-ормони таърихии миллат"бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МДТИ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 12.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон Ситоди Обуна-2025 баргузор гардид. Дар кори Ситод ҳайати Ситоди шаҳрӣ ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳо иштирок намуданд.














