Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми роҳи ҳудуди минтақаи саноатӣ ва ҳудуди ҶДММ "Доруи Суғд" дар ҳаҷми 2700 метри мураббаъ мумфарш карда шуд.
Дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 таъмири 53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун 9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми шашмоҳаи соли 2024, 43,3 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 80,5 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 8,2 километр таъмири асосӣ, 21,2 километр таъмири ҷорӣ ва 13,9 километр шағалпўш карда шуда, маблағи сарфшуда 6,5 миллион сомониро ташкил дод.






Субҳи имрӯз, 01.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №14-и маркази шаҳзр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Санаи 31.08.2024 дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба муносибати оғози соли нави хониш ва истиқболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Муҳтарам омӯзгорон!
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. 














