Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Фарорасии 33-юмин солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона бароятон муборакбод гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор ва рушду тараққиёти беназирро таманно менамоям.

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 33 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлол баҳравар гардидаистодаанд. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

7 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Кори боэътимоди неругоҳ бо гузоштани танга дар болои агрегатҳо ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид.

Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирин агрегати он соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шудааст.

Дар тули 68 соли фаъолият гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он 12 МВт коҳиш ёфта буд.

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Суғд” оғоз бахшиданд.

“Доруи Суғд” дуюмин корхонаи дорусозӣ дар шаҳри Гулистон маҳсуб ёфта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдувалӣ Ҳоҷиев сохта шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти дар ду хати истеҳсолӣ насбгардида аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ворид карда шуда, раванди истеҳсолот ва банду басти маводи доруворӣ тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад.

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон “Корхонаи металлургии тоҷик” — ро ифтитоҳ намуда, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Иншооти нави саноатӣ дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Узбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст.

Хатҳои истеҳсолии корхона аз насли нави давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 30 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил менамояд.

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ ва лула (шланг)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдуллоев Саидбой”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидбой Абдуллоев дар доираи “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1 гектару 5 садяк замин бунёд гардида, аз ду коргоҳи истеҳсолии ноқили барқӣ, рӯдаи резинӣ ва гофра иборат аст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14570
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86729
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10157211

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?