Рӯзи 24-уми августи соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 5-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Мӯҳтавои муроҷиат масъалаҳои гуногунро дарбар гирифта, расонидани кумаки моддии яквақта, кумаки молявӣ барои пардохти шартномаи таҳсили донишҷӯй ва таъмир хатти партовоб.
Масъалаи баррасии талабу дархости муроҷиаткунандагон ба шуъбаву бахшҳои дахлдор равона карда шуд. Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки иҷроиши саривақтии масъалаи мазкурро дар муддати кӯтоҳ муайян ва иҷро намуда, аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳр ва муроҷиаткунандагон тариқи хаттӣ хабар дода шавад.
Сипас Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода тамоми муовинон, роҳбарон, мудирони шуъбаву бахшҳо, директорон ва дигар ташкилоту корхонаҳоро таъкид намуд, ки баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди шаҳр, ҷамоатҳо, гирду атрофи корхонаю муасисаҳо, деҳаю маҳаллаҳо корҳои ободониву созандагӣ гузаронида, тозаву озода намуда, ҳамаҷониба омода намоянд.







Санаи 22.08.2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси банди 14-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон дар мавзуи “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 22 августи соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Имрӯз, 19.08.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарипова ва инчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.














