Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 29.08.2024, дар толори варзишии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини тарзи озод аз руйи 13 вазн баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Исфара, шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақобат ва қувваозмоӣ намуда ғолибон бо диплом ва медалҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдони гардиданд.






Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва қобилияти зеҳнии ҷавонону наврасон, дар шаҳри Гулистон тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешида шудааст.
Санаи 04.09.2024 дар толори Кохи фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки ҷавонон кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.
Санаи 3 сентябои соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ-пойдевори давлати мутамаддин” бо иштироки ҷавонон, собиқадорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.
3 сентябри соли 2024 маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба фаъолони хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид.














