Матни равон

Имрӯз, 24.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истифода намудани пурраи имкониятҳо дар ҷараёни фаъолият  таъкид намуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои истеҳсолӣ фаъолияти мунтазам намуда, бо мақсади таъмини нақшаи фаъолият дар давраҳои ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Санаи 23.09.2024 ба ифтихори 1166-солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар назди нипайкараи Рӯдакӣ воқеъ дар назди бинои бахши фарҳанги шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева ҳамагонро ба маҳфили илмӣ-адабӣ хушомадед гуфт.

Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ манзури иштирокчиён намуда, зимнан доир ба зиндагинома, ҷойгоҳи адабии шоир ва мазмуну муҳтавои ашъори шоир суханронӣ намуд.

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва  боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта  имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза  қариб 55 ҳазор пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор  баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд.

Имрӯз 21.09.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоварии ҳосили  хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад, ки имсол мо 1166-солагии ин шахсияти барҷастаро таҷлил менамоем.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.

Имрӯз, 20.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Ситоди ҳарбӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14570
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86729
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10157211

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?