Матни равон

7 сентбяр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар ин муассиса шинос шуданд.

Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Иншоот пурра бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва харҷи 2,5 миллион сомонӣ маблағ бунёд гардид.

Маркази нави саломатӣ дуошёна буда, аз 13 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, амрози занона ва маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст иборат аст.

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ёфтааст ва ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои идонаи сокинон шукӯҳи бештар мебахшад.

Санаи 05.09.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода иштирокдорони чорабиниро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат ба самъи сокинон раоснид.

Дар толори хурди Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.

Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода иштирокдоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ноил гардидан ба мукофоти давлатӣ муборакбод намуд.

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд. Бо ҳамин мақсад санаи 04.09.2024, дар майдони  варзишии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон  мусобиқаи мазкур оғоз гардид. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳмонда, тарзи ҳаёти солим ва рӯҳияи солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд медиҳанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:970
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14570
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86729
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10157211

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?