11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии «Суғдиён»-ро ифтитоҳ карданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Истаравшан Плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба истифода супориданд