Бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорону кормандони соҳаи тибро бо иди касбияшон муборак бод намуд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми беш се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.






Имрӯз, 13.08.2024 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик", минтақаи истироҳатии шаҳр, обутобгоҳи "Сайёд" ва ҳудуди осоишгоҳҳои "Шифо"-ю "Баҳористон" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид.
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона баргузор карда шуд.
Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Муҳтарам варзишгарон!















