Санаи 24.07.2024 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои таълимӣ ва тиббии ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025, пурра аз таъмир баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2024-2025 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” ва ҶСК "Равшан" омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳҳои дӯзандагӣ сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассисҳо барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.






Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати таъмини бештари сокинон бо оби нӯшокӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида насоси обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд.
Имрӯз, 24.07.2024 дар асоси ҷадвали тасдиқ намудаи Раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи соли 2024 баргузор гардид.
Имрӯз, 23.07.2024 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2024-2025, пурра аз таъмир баровардани муассиса, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дидан намуд.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон намудани соли 2024 аз 18 марти соли 2024, таҳти рақами АП-533 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тибқи нақшаи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сармутахссиси бахши кадри маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Шарифзода ва намояндаи маркази ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Шаҳриёр ба шаҳри Гулистон сафарбар шуда, санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва иштироки роҳбарони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиноси давлатии шаҳри Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд.















