Санаи 20 июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ин баланд бардоштани малакаи кории занону духтарон- хизматчиёни давлатӣ мебошад. Маҳз, ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан –модар аст, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон барои занон имкониятҳои хубе фароҳам оварда шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Иди саиди Қурбон
- БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ФАЪОЛОН
- Ҷамъбасти мусобиқаи шаҳрии футбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо, барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол






Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарони ташкилотҳои бонуфуз аз Федератсияи Россия, Глушенко Максим Игоревич директори МСК ГРУПП
Ҷиҳати иҷрои барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28 майи соли 2024, №282-5/5тф оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ” аз ҳисоби занон тибқи Низомнома ташкил ва баргузор гардида буд.
Имрӯз, 15.06.2024 дар маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ аз қабили тоза намудани гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, шафати роҳҳо, оромгоҳ ва гирду атрофи онҳо аз алафҳои хушк ба муносибати иди Қурбон ба роҳ монда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доштаро аёдат намуд. Ба кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуд кумаки моддӣ дар намуди маводи ғизоии ниёзи аввал расонида шуд.















