Санаи 17.07.2024 дар толори қасри фарҳанги ҷамотаи шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо сокинони шаҳрак баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Раиси шаҳр доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва шаҳрак дар шашмоҳаи соли ҷорӣ, иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи Қонунҳо ва дигар масъалаҳо бо сокинон суҳбат намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро бо тағйиру иловаҳо дар 175 банд тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуд истодааст. Аз ин теъдод дар маркази шаҳр нақша 100 адад, иҷро 85 адад, ҷамоати шаҳраки Адрасмон нақша 27 адад, иҷро 22 адад, шаҳраки Консой нақша 12 адад, иҷро 10 адад, шаҳраки Чоруқдарон нақша 9 адад, иҷро 8 адад, шаҳраки Зарнисор нақша 10 адад, иҷро 7 адад, шаҳраки Сирдарё нақша 17 адад, иҷро 10 ададро ташкил медиҳад.






Санаи 10 июли соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ғарқшавии шаҳрвандон санаи 10 июли соли 2024 дар маҳаллаи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Имрӯз, 9 июли соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи ҷадвали баргузории маҷлиси фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, маҷлиси фаъолони шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2024 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва бо иштироки роҳбари гурўҳи кории ҷумҳуриявӣ , директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода баргузор гардид.
8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз маъюбонро аёдат карда, ба оилаи онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" шинос гардид.














