Санаи дар таърих сабтшуда, ки ҳамасола 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тиб мебошад, кулли табибон ва собиқадорони соҳа, ҳозиқон ва шогирдони онҳоро ба муносибати иди касбиашон сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъии доимӣ, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно менамоям.
Боиси таъкид аст, ки Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди барӯманди халқи тоҷик, олими олии сатҳи ҷаҳонӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад.
Ҳамасала бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, ҷиҳати маблағгузории соҳа, таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштаии сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.






Имрӯз, 17.08.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Рӯзи 17-уми августи соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 5-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Дӯстони азиз!
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб собиқадори соҳаи тибби шаҳр Исмоилов Нематҷонро аёдат намуд. Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуруъ аз соли 1964 то соли 2010 дар муассисаҳои тиббии шаҳр ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатӣ намуда, дар сиҳатбахшии ҷомеа саҳми арзишманд гузоштааст.
















