Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 1 августи соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, намояндаи комисарияти ҳарбии шаҳр Кассиров Парвиз ва раиси ҷамоати мазкур Шаҳло Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.






Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 31 июли соли 2024 дар маҳаллаи ҶСК "Қолинҳои Қайроққум"-и шаҳри Гулистон бо ҷалби кормандон мулоқот доир гардид.
Санаи 31-уми июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Зеби дастархон" баргузор гардид.
Санаи 29.07.2024 дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии “Зеби дастархон” баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур ҷамоати шаҳракҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд.
Имрӯз, 29.07.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид.















