Имрӯз, санаи 09 августи соли 2024 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо фаъолон ва роҳбарони корхонаҳову муассисаҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии имрӯза ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода И., Сардори бахши такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Иброҳимзода Т., Устоди кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров М. ва Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони С. иштирок намуда, бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи рушди ҷомеаи муосир, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №533, Танзими ҷашну маросим унсури муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, Нақши оила ва муносибатҳои оилавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм муҳокимаронӣ ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ЗАРНИСОР, ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА
- ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ВОХУРИҲО ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА
- ҒОЛИБИЯТИ БОНУВОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ "ЗЕБИ ДАСТАРХОН"






Санаи 06.08.2024, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, №508 “Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, №21 “Дар бораи баргузории озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.07.2024, №186 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2024-2025 дар шаҳри Гулистон” дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр баргузор карда шуд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр тибқи нақшаи ободгардонии роҳҳо сокинон сарҷамъона ба ҳашар баромада аз вазъи мусоиди боду ҳавои тобистон истифода карда, барои равуои бемонеа дар ҳамаи фасли сол дар мавзеъҳои тангии роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монданд.
Имрӯз, 03.08.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи "Нақшаи чорабиниҳои оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсӣ аз тарафи масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2024" қабули шаҳрвандон бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, сардори шуъбаи ташкили кор ва назорати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Неъматҷон Суннатулло ва намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Олим Маҳмудзода баргузор гардид.
Санаи 2-юми августи соли 2024 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.















