10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,40 гектар бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Соли 2022 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлат 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 844 ҳазор сомонӣ маблағ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии атроф ва мумфаршкунии роҳҳои назди муассиса 650 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз»