Рӯзи 20-уми июли соли 2024 аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 4-нафар шаҳрванд қабул карда шуд.
Муҳтавои муроҷиат масъалаҳои гуногунро дарбар гирифта, барои гирифтани қитъаи замин, расонидани кумаки моддӣ ва таъмири бинои истиқоматӣ, таъмин намудан бо хонаи хизматӣ, таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёна, мебошад. Масъалаи баррасии талабу дархости муроҷиаткунандагон ба шуъбаву бахшҳои дахлдор равона карда шуд. Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки иҷроиши масоили мазкурро дар муддати кӯтоҳ иҷро карда шуда, аз натиҷааш ба унвони Раиси шаҳр ва муроҷиаткунандагон тариқи хаттӣ хабар дода шавад.
Сипас Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба самъи раисони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, роҳбарону муассисони корхонаҳо ва муассисаҳо навобаста аз шакли моликият расонид, ки ҳар ҳафта рузи шанбе барои тозагии ҳудуи шаҳр, ҳудуди хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуди корхонаву ташкилотҳо, боғҳо, роҳравҳову гулгаштҳо, самти тозагиву озодагии маҳалли зист гузаронидани чорабини "Тозагии маҳал" чораандешӣ намоянд. Иҷроиш ва баргузории онро зери назори қатъи гирифта, таъмин намоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАЪНО ҲОШИМЗОДА БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН
- БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ, ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАЮ МАҲАЛЛАҲО ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА
- ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Имрӯз, 18.07.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 4-уми июли соли 2024, таҳти №367-6/13тф ва нақшаи тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони комиссияи дохилиидоравӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Санаи 17.07.2024 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ФИҶТ дар шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо дар маҳаллаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Санаи 17.07.2024 дар шаҳраки Адрасмон зимни сафари корӣ Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни корҳои бунёдсозии майдончаи варзишӣ барои машғулияти навъи варзиши футболи хурд ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.















