Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли картон ва шишабарории ҶДММ "Сахо ва Ко" шинос гардид.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зарфҳои шишагин ба роҳ монда шуда, маҳсулот барои нигоҳдории консерва, афшураву шарбат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истифода мегардад. Дар ин корхона дар як моҳ ба маблағи то 400 ҳазор доллари ИМА маҳсулот истеҳсол шуда, ҳоло 115 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Раиси вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.
Дар ҳаминҷо Раиси вилоят аз коргоҳи коркарди қоғаз дидан намуд. Иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 20 тонна коркарди қоғазпора дар як шабонарӯз мебошад. Бояд қайд намуд, ки қоғаз ва ҳам зарфҳои шишагӣ барои истифодаи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд, ки ин маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.






Имрӯз, 16 апрели соли 2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.















