09 апрели соли 2024, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ: Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон – василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!
- БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР РАЪНО ҲОШИМЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ГУЛИСТОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД
- ТАВАҶҶУҲ БА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ЗИРАКӢ СИЁСИИ ҶАВОНОН-ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ ҲАМАГУНА ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА






Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, кумаку дастгирии шахсони ниёзманд ва дорои имконияти маҳдуд ва ва дигар қишри ҷомеа 09 апрели соли равон ба як қатор чунин ашхос кумаки яквақтинаи моддӣ дар намуди маводи хӯрокворӣ расонида шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳраки Сирдарё бо сокинон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ", фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.














