Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.
Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: “Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.






Санаи 19.03.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Санаи 19.03.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва шахсони масъул доир гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки санаи 22.03.2024 соати 09:00 дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳр чорабинии идона бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда мешавад.
Санаи 19.03.2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой мулоқот доир гардид.














