Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Санаи 02.04.2024 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фестивали мазкур оғоз гардид. Дар оғози Фестивал Фаридуншоҳ Абдуллоев намояндаи МИҲД-и шаҳр, Насим Мамадҷонов мудири бахши фарҳанги шаҳр, Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, Лутфӣ Мамадҷонова сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил", Замира Исматова мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Биомина Мирзоева директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.






Санаи 02.04.2024 тибқи нақшаи муштараки қисми ҳарбии 45025-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 02.04.2024 дар дар толори МТМУ №6 ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Имрӯз, 02.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Субҳи имрӯз, 01.04.2024 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр маросими гусели ботантанаи наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.















