ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мақолаҳои боқимонда...
- МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ ЧОРУҚДАРРОН ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
- Номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура
- Мулоқот бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Консой доир ба эълон гардидани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар ҷомеа






Имрӯз, 15.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” бо иштироки сокинони шаҳрак баргузор карда шуд.
Имрӯз, 14.03.2024 дар толори ҶМТКММ "Апрелевка" бо сокинони ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” вохӯрӣ баргузор гардид.














