Имрӯз, 08.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон – василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!” бо иштироки ҷавонони муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр ҳамоиши илмӣ баргузор карда шуд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар кори ҳамоиш Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Исмоил Саидов омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр, Комилҷон Аслонон муовини директори муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва Ҳасанбой Раҷабзода муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №14-и маркази шаҳр иштирок намуданд.






Санаи 05 апрели соли 2024 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робит або ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султлнзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.
Имрӯз, 04.04.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон доир ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохурӣ баргузор карда шуд.
Санаи 04.04.2024, дар Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.
Санаи 03.04.2024, дар маркази шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.















