Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки "Апрелевка" санги асос гузошта шуд.
Коргоҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории корхонаи "Апрелевка" ва ҶСК «Технологияи коркард» якҷо бо ширкати илмӣ ва истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия сохта хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар оғози корҳои бунёдии коргоҳ иброз дошт, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят саноати куҳӣ-металлургӣ рушд карда, воридсозии таҷҳизоти замонавӣ имкон медиҳад, ки партовҳои истеҳсолӣ низ коркард карда шавад.






Санаи 28.03.2024 дар маҳаллаи 2-и маркази шаҳр, кӯчаи "Дӯстии халқҳо" бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳри Гулистон бо кормандон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.
Санаи 22.03.2024 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр
Санаи 20.03.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.














