Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 3 декабр мувофиқи қарори Ассамблеяи генералӣ Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад.
Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои шахсони дорои имкониятҳои махсус дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба бартараф намудани монеаҳои иҷтимоии онҳо мебошад.
Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.






Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.
Боиси хурсандист, ки ин санаи муҳимро кормандони соҳаи геология бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрику таҳният менамоям.
Санаи 07.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати ҷашни 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар доираи ҳафтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби зодаи даврони истиқлол” бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор намуд.














