Матни равон

Имрӯз, 25.11.2024 дар маркази шаҳри Гулистон ғолибини даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"  аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ва дигар масъулини шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш,  маориф ва наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимӣ тантанавор қабул карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз шаҳри Гулистон 5 нафар довталаб фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи Кенҷаев Лоиқ муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Адабиёти классикии тоҷик" миёни омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун соҳиби ҷойи сеюм ва Абдуллоев Фаридуншоҳ мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар номинатсияи "Эҷоди наср" сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Имрӯз, 25.11.2024 доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни таърихии миллат ва дар асоси нақшаи  муштараки бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон ва қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти унвони  “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!” бахшида ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Абуалӣ Абдуворисзода муовин оид ба корҳои сиёсиву тарбиявии қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.

On November 23, 2024, the Tajik city of Buston hosted a meeting between the co-chairs of the Government delegations of the Republic of Tajikistan and the Kyrgyz Republic on the delimitation and demarcation of the Tajik-Kyrgyz state border – Saimumin Yatimov and Kamchybek Tashiev.

23 ноября 2024 года в городе Бустон Согдийской области Республики Таджикистан состоялась встреча сопредседателей Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы Саймумина Ятимова и Камчыбека Ташиева. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан.

23 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:281
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13881
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86040
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10156522

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?