Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаҳои 10.11.2024 ва 12.11.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, бахшида ба Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии футбол байни ҷавонон баргузор ва ҷамъбаст гардид.






Санаи 12.11.2024 дар толори маркази саломатии маркази шаҳр тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир ба мавзуи муҳими таърихиву сиёсӣ, доир ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони маркази саломатии маркази шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмону таҷдид ва навсозии иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад.
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.














