Имрӯз, 20.11.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони соҳаҳои гуногун доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ду мавзуъ баррасӣ гардид: Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист ва мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Суғд зикр намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир ба солагарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Баргузории конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуҳои Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ва Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ






18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Санаи 16.11.2024 дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш” ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр санаи 15.11. 2024 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Санаи 15.11.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.














