Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр корбарӣ намуд. Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуда буд дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намуда буданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корбариро дар ин самт идома дода нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Дар даъвати тирамоҳӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 30 нафар даъватшаванда курсҳои ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба итмом расонида соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.






Бо мақсади иҷроии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024, №136 тасдиқ гардидааст санаи 22.10.2024 дар қаҳвахонаи “Марям” дар шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор карда шуд.
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 16 октябри соли 2024 дар толори гимназияи №1 маркази шаҳри Гулистон бо ҷалби волидайн мулоқот доир гардид.















