Санаи 24.12.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардида курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда, дар мавзуӣ "Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи давлатдории тоҷикон" ба 56 нафар шунавандагони курси мазкур дарс гуфт.
Таъкид карда шуд, ки ибтидо бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани шахсияти баруманди Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои катъӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.






Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои афсаронеро, ки дар вақти адои хизмати давлатӣ ба ҳалокат расидаанд, аёдат намуда, ба фарзандони онҳо туҳфаҳои солинавӣ бурд.
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарсабзу хуррам намудани шаҳр ва шафати роҳҳо санаи 19.12.2024 дар шафати роҳҳои протоколӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.














