Имрӯз, 19.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 9-уми декабр тасдиқ гардидааст дар мавзуи “Интихобот – падидаи ҷомеаи демократӣ” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Юлдошев Рустам ва Бобоҷонова Дилбар устодони МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар МИҲЛ-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешид ва дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расид.






Имрӯз, 12.12.2024 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раъно Ҳошимзода Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Имрўз 12.12.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти низомӣ инчунин мардони дар ҳайати захирабуда дар маҷмуъ беш аз 3000 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ техникаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр низ бароварда шуд.
Санаи 10.12.2024 дар толори мактаби санъати шаҳр вохӯрӣ дар мавзуи "Ҳаёт бидуни зӯроварӣ" бахшида ба ҷамъбасти маъракаи иттилоотии "16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон" баргузор гардид.
Санаи 11.12.2024, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони "Ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандист!" ва маросими шиносномадиҳӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва сардори хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон майори милится Тағоймуродзода Сулаймон иштирок ва суханронӣ намуданд.














