Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот бо 20 ҷои кор дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.
Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.