Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:
1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1825,25 сомонӣ;
2. Мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 – ҷой, маоши мансабӣ - 1497 сомонӣ; (хусусияти дуҷониба)
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ;
4. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ;
5. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1- ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ;
6. Мутахассиси бахши бойгонӣ 1- ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ;
7. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр 1- ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ;
8. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр 1- ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ;






Имрӯз, 24.04.2024 тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки масъулини соҳаи маориф ва волидайни хонандагон вохӯрӣ доир гардид.
Имрӯз, 24.04.2024 дар толори МТМУ 12 деҳаи Зарчашмаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!” бо иштироки шаҳрвандони деҳаи Зарчашма вохурии муфид баргузор карда шуд.
Дар асоси фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 02.04.2024, №30, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.04.2024, №102 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2024 ва нишондодҳои ташкилӣ-методӣ санаи 23 апрели соли 2024 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Сирдарё «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар асоси барқияи телефонии Раёсати КҲФ ва МГ-и вилояти Суғд аз 22 феврали соли 2024, №22 ва Нақшаи чорабиниҳои асоси бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фақулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 04 январи соли 2024, №3 тасдиқ гардидааст, машқи ғайринақшавӣ мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон 19 апрели соли 2024 дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҳангоми рух додани ҳолати фавқулоддаи сел» дар ҳамкорӣ бо ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ташкил ва гузуронида шуд.















