Санаи 27 апрели соли 2024 дар тарабхонаи “Темурмалик”-и маркази шаҳр озмуни шаҳрии "Оилаи намунавӣ" баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон таъкид намуд,, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон аз 20 то 55 сола даъват гардида буданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!
- БАРГУЗОРИИ «РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ»-И НАМУНАВӢ ВА ЯГОНА
- БАРГУЗОРИИ МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН






Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Санаи 25.04.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори МТМУ №8 Ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо ҷавонони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо хонандагони синфҳои 7-11 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Имрӯз, 24.04.2024 тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки масъулини соҳаи маориф ва волидайни хонандагон вохӯрӣ доир гардид.















