Ҷавонони гиромӣ!
Ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди шаҳрро табрику таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Бояд зикр кард, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст.
Алҳол дар шаҳри Гулистон беш аз 28 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст.






Санаи 22.05.2024 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Имрӯз, 22.05.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Санаи 22.05.2024 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани шаҳодатномаҳои гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр дар соли хониши 2023-2024 баргузор гардид.
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» конференсия таҳти унвони «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат» бо иштироки вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр роҳандозӣ гардид.















