Имрӯз, 04.04.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон доир ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохурӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, Расулзода Нигора-ҳуқуқшинос дараҷаи 3 мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, Сатторова Матлуба и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр ва Наргиса Бердиева раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон иштирок ва суханрони намуданд.
Таъкид карда шуд, ки зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ин доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқӣ тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиро доро мебошанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.






Санаи 04.04.2024, дар Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.
Санаи 03.04.2024, дар маркази шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2023-2027” 3 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва кулчақанд (пичени) аёдат карда шуданд.
Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Санаи 02.04.2024 тибқи нақшаи муштараки қисми ҳарбии 45025-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.















