Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 аз 23.04.2024, №118 ба тасвиб расидааст.
Бо ин мақсад санаи 11.05.2024, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 миёни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 -и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Озмунро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Хонандагон аз фанҳои забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ тест супорида, аз фанҳои забони давлатӣ ва забони русӣ низ диктант навиштанд. Пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд.
Аз теъдоди умумии довталабон 35 нафари онҳо соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ғолибон дар доираи баргузории чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бо шаҳодатномаи Стипендияи Раиси шаҳр ва маблағҳои пулии муқарраргардида сарфароз гардонида мешаванд.






Субҳи имрӯз, 09.05.2024 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Темурмалик” дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими ёдбуд бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобелчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор карда шуд.
Санаи 08.05.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар шаҳраки Сирдарё бо сокинон вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳамшаҳриёни азиз!
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии шаҳри Гулистон дастгоҳи рентгении рақамии тамғаи Diamond-8A бо принтер, стабилизатор ва лавозимотҳои рентгенӣ тақдим карда шуд.















